вторник, 31 марта 2015 г.





САЛОМ МОДАР, САЛОМ БАР ОН МОДАРЕ, КИ ОФАРИДГОРИ ОЛАМ БИХИШТИ ЧОВИДОНРО ПОЯНДОЗИ ПЕШИ ПОЯТ КАРД, ВА ТАМОМИ ЗЕБОИЮ ЭХТИРОМРО ЯКЧО НАМУДУ ДАР ЗАМИН МОДАР ОФАРИД, КИ ИМРУЗ ОФАРАНДАИ НАСЛИ ОДАМИЗОД ДАР ЗАМИН БА ХИСОБ РАФТА АРЗАНДАИ ТАХСИНУ ОФАРИН АСТ. САЛОМ БА ОН МОДАРЕ. КИ ЗАХМАТХОИ БЕ БАХОЕРО БАХРИ ТАВЛИДУ БА ВОЯ РАСИДАНИ ФАРЗАНДИ ХУД ПУШТИ САР МЕКУНАД. САЛОМ БА ОН МОДАРЕ, КИ ИМРУЗ ДАР ТАНХОИСТ ВА ОРЗУИ ОНРО ДОРАД ТО ФАРЗАНДИ У, ЧИГАРБАНДИ У ПУШТИ ДАРАШ БИОЯДУ БО САДОИ БАЛАНД САЛОМ МОДАРЧОН ГУЯД. САЛОМ БАР ТАМОМИ МОДАРОНЕ, КИ ИМРУЗ ДУР АЗ ФАРЗАНЧОНИ ЧОНИ ЗИНДАГИ ДОРАДУ ОРЗУИ ДИДОРИ РУИ ОНХОРО ДОРАД. САЛОММодар! Чӣ калимаи ширину рӯҳнавозе! Вақте модар мегӯем, вуҷудамонро ҳиссиёти гарму нарме фаро гирифта, қалбамон таскин меёбад ва пеши назар симои азизтарин шахсе падидор мегардад, ки як умр барои фарзанд кору зиндагӣ кардааст. Бале, танҳо модар барои фарзанд меҳрубонтарину ғамхортарин кас аст, ки ҳатто ҷонашро дареғ намедорад. Танҳо модар фарзандро нӯҳ моҳ дар батн бо эҳтиёт парварида бо чӣ дарду машаққат ба дунё меораду ҳамон лаҳза ҳама азобҳои кашидаашро фаромӯш карда тифлакашро бо меҳри беандозае ба оғӯш гирифта, пистон ба даҳонаш мегузорад. Модар аст, ки шаб то саҳар нахуфта беминат сари гаҳвораю болини ҷигарбанд алла мегӯяду луқмаи лазизтаринро на ба даҳони худ, балки ба даҳони фарзанд мегузорад. Модар аст, ки барои фарзандон хона обод мекунад, ба ҷабри шавҳар ба хотири фарзанд сабру тоқат менамояд, хӯрок мепазаду либос мешӯяд, нахӯрдаю напӯшида бо нияти нек ҷиҳоз ҷамъ мекунад, нозу итоб, қаҳру ғазаби ҷигарбандашро таҳаммул карда, назди касе лаби шикоятро во намекунад ва ҳамеша ҷурму нуқсашро пинҳон медорад. Ба ин бузургии модар боз чиро метавон баробар кард?! Ҳеҷ чизро!
Аз уқёнус пурсидаанд.
- Аз ту пурталотумтар чист?
- Гуфт: Дили модар!
Аз Офтоб пурсиданд:
- Аз ту гармтар чист?
- Гуфт: Дили модар!
Аз кӯҳ пурсиданд:
- Аз ту сахттару устувортар чист?
- Гуфт: Ҷисму матонати модар.
Аз чашма пурсиданд.
- Аз ту софу поктар чист?
- Гуфт: Меҳри модар.
Худоё! Аз ту бахшандатар боз кӣ буда метавонад? Нидо омад: Модар!
Аммо мо фарзандон ин ҳама бузургию шаҳомати модарро ба назар нагирифта, барои хизматҳояш бо чӣ посух мегӯем? Бо бемеҳрӣ, бепарвоӣ, сангдилию бераҳмӣ. Магар модар гунаҳгор аст, ки моро ба олами ҳастӣ оварда ба воя расонид?! Магар модар гунаҳгор аст, ки мо аз дасту доманаш дошта шевои роҳгардӣ омӯхтему сар ба зонуяш гузошта ба хоби ноз рафтем? Чаро модар баҳри фарзанд аз ҳама чиз рӯй метобаду мо фарзандон ба хотири зану шавҳари худ осон аз баҳри модар мегузарем?!
Чаро модар айёми кӯдакию нотавонии фарзанд барояш меҳнату заҳматашро дареғ намедораду фарзандон айёми пирию нотавонии модар ӯро ба ҷои такягоҳию дастгирӣ ва нигоҳубин партофта мераванд, таҳқиру озор медиҳанд, як пиёла чойи худро миннат мекунанд?!
БАР МОДАРОНЕ. КИ БЕМОРАСТАНДУ БА ДИЛБАРДОРИ НИЁЗ ДОРАНД.


ТАМОМИ МОДАРОНУ БОНУВОНИ КИШВАРРО БО ФАРО РАСИИ РУЗИ ИДАШОН ТАБРИК ГУФТА БАРОЯШОН ТАМОМИ ХУШИХОИ ЗИНДАГИРО ОРЗУМАНДАМ, БИГУЗОР ХАНДАИ ТИФЛАКОНИ НАВЗОД ХАМЕША ЗИННАТ ДИХАНДАИ ХОНАДОНИ ШУМО БОШАД ВА ХЕЧГОХ ХАСТАГИЕРО ДАР ЗИНДАГИ ЭХСОС НАКУНИ ЗЕРО ХАСТАГИИ ЗАН ИН ХАСТАГИ ДАР ЗИНДАГИИ МО ХОХАД БУД. ИЛОХО КУЛЛИ МОДАРОНИ ТОЧИКРО ХУШБАХТ ВА ЗЕБО НИГАХДОР. ИД МУБОРАК МОДАРЧОН
 

Комментариев нет:

Отправить комментарий