суббота, 31 января 2015 г.

Албатта, вакте ки мо дар бораи Точикистон гап мезанему давлати точикон мегуем, онро дар назар дорем, ки хар нафаре ки дар Точикистон зиндагй мекунаду онро ватани худ мехисобад, шахрванди он аст, бояд забони точикиро донад, ин забонро ба сифтаи забони кори истифода барад. Мардум бояд дарк кунанд, ки ба ин забон эхтиёч доранд ва бе ин забон дар Точикистон зиндагй пеш намеравад. Умумй шудани забон дар хамин шакл мешавад. Шумо Амрико раведу забони англисиро надонед, кор пайдо карда наметавонед. Дар Фаронса бошад хатто баркасдона ба англией гап намезананд. Дар Точикистон хам эхсос шуданаш лозим, ки то шахс забони точикиро надонад, вай зиндагии хуб сохта наметавонад. Миллй шудани забон дар хамин нукта ифода меёбад. Инро зуран чорй карда намешавад, хар шахс бояд дарк кунад, ки донистани забони тачикй ба вай даркор аст. Лакай, узбек, рус, туркман -хар кавме ки дар худуди Точикистон хаст, бояд забони точикиро донад. Шумо вакте забони муховараи байни миллатхо мегуед, он гуна ки дар Конуни забон омадааст, забони русиро дар назар доред?
Ифтихори миллим мо пеш аз хама бояд ватанамон бошад. Хамин ватани худро мо холо пурра муайян накардаем. Дар баъзе фахмишхо он аз Хинд cap шуда дар Ирок, тамом мешавад. Мо бояд консепсияе дошта бошем, ки чиро ба сифати ватани кадимй ва ватани имруза бояд шиносем, муайян кунем, ки онхо як маъно доранд ё не. Инро мо бояд муйян кунем. Аз кадом таърих бояд ифтихор намоем. Масалан, мо аз замони Зардушт ифтихор дорем, аз замони Искандари Макдунй ифтихор дорем. Баъзе чашнхоро агар бинед, хама подшохони гузаштаамон боиси ифтихори мо гаштаанд. Инро бояд як бор ба андеша гирифт, ки хамин дуруст аст ё боз ягон рохи дигар шояд бошад. Ин гуна муносибат ба тамаддуни даврони исломй хам чой дорад. Мо холо бо шумо ба ин масъала, яъне таносуби дину миллат дахл хохем кард, зеро ин нукта дар чахони кунунй хеле мухим шудааст

Комментариев нет:

Отправить комментарий