вторник, 31 марта 2015 г.

НАВРЎЗ ПАЙВАНДГАРИ ДИЛЊОСТ
Эмомалї Рањмон- Раиси Љумњурии Тољикистон дар тавсифу ситоиши Наврўзи оламафрўз
Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии љонбахши бањорї оѓоз меёбад, љашни шукўњи табиат ва овони эњёи он гуфтаанд. Воќеан, Наврўз давраест, ки Замин ба мењвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мављудотро рўњу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагї њидоят мекунад.
Иди Наврўз, ки дар њамаи давру замонњо аз љумлаи бузургтарин љашнњои муќаддаси миллї ва оини зиндагисози мардум ба њисоб меравад, њамчун рамзи корњои бањорї ва файзу баракати сол, пеш аз њама, ба кишоварзон нерўву илњоми тоза ато мекунад. Наврўз бо наќши созандаи хеш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинондани нињол ва гулу гулбуттањо, хуллас оѓози њамаи корњои мавсими бањор њидоят менамояд.
Халќи тољик Наврўзро бо хурсандиву арљгузории беандоза таљлил карда, бењтарин орзуву ормонњои худро бо Наврўзи хуљастапай пайванд медонад. Тамоми оинњои ибратомўзи наврўзї, ки моњиятан сарчашмаи бузурги ахлоќиву тарбиявї ва бунёдкориву созандагї мебошанд, имрўз низ барои њар фарди огоњу солимфикр чун манбаи умеду ормонњои наљибу созанда ва василаи худшиносиву љањоншиносї хизмат мекунанд.
Наврўз дар тасаввур ва ойини миллати ќадимаи мо ва умуман, нажоди ориёї иди пирўзии нур бар зулмот ва тантанаи некї бар бадї аст. Наврўз, ки як иди хеле табиист, натанњо ба дили мардумони ориёї, балки ба ќалби халќу миллатњои дигар њам ба таври љовидонї маскан гирифтааст. Ин яке аз далелњои равшани наќши тамаддунсози миллати куњанбунёд ва фарњангии мост.
Наврўзи аљдодии мо дар роњи ташаккули таърихии худ мушкилию монеањои зиёдеро паси сар намуда, чун суннати воло ва расми деринаи миллии тољикон ба бисёр мамлакатњои Машриќзамин роњ ёфта, тадриљан арзиши умумибашарї пайдо кардааст.
Кишвари мо - Тољикистон сарзамини хуршедї ва як гўшаи бињишти рўи замин аст, ки бо ќадами мубораки Наврўз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо љомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро њадя меорад.
Наврўз баёнгари тафаккури таърихї, симои маънавї, орзую ормон, расму ойин, љањонбинию љањоншиносии миллатамон буда, дар тўли мављудияташ арзишњои фарњангию миллии моро дар таркиби худ њифз кардааст. Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми мост, ки Наврўз њамчун иди бањор, эњёи табиат ва фарорасии Соли нав ба таърихи бисёр халќу миллатњои љањон ворид гашта, њаёти онњоро рангу таровати тоза бахшидааст.
Наврўзи дилафрўз идест, ки дар фасли гулшукуфи зиндагї омада, одаму оламро љавон месозад, пироњани куњанро дур андохта, либоси нав ба бар мекунад, инсонњоро ба њам дўсту дилњоро ба дилњо пайванд месозад.
Љашни Наврўз, ки зодаи хирад, андеша, љањонбинї ва тафккури гузаштагони бузурги мо мебошад, дар замири худ љавњари некї, накўкорї, бахшишу мењрубонї, покизагии рўњонї ва љисмонї, созандагию бунёдкориро дорад.
Наврўз яке аз ќадимтарин ва азизтарин љашнњои миллии мардуми ориёинажод буда, бо мурури замон ба иди дар њаќиќат халќї мубаддал шудааст. Халќи мо бењтарин орзуву умеди худро ќабл аз њама бо Наврўз, яъне Соли нави анъанавии аљдодии хеш пайванд медињад. Наврўз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебої, оѓози кишту кори бањорї, паёми эњёи табиат мебошад ва гардише дар рўњу љони одамон падид меорад.
pic navroz
Тољикистон Ватани Наврўз аст
Базми гул дар чамани Наврўз аст,
Савти ѓул-ѓулфикани Наврўз аст,
То ба гардун сухани Наврўз аст,
Тољикистон Ватани Наврўз аст.
Бўйи Наврўз расад аз њама дар,
Рўйи Наврўз расад аз њама дар,
Њама дар перањани Наврўз аст,
Тољикистон Ватани Наврўз аст.
Ном Наврўзу насаб Наврўз аст,
Исми њар бахтталаб Наврўз аст.
Фасли армоншикан Наврўз аст,
Тољикистон Ватани Наврўз аст.
Сабзгун пуштаву сањрои Ватан,
Сабзпўш аст њама љойи Ватан,
Сабз љон дар бадани Наврўз аст,
Тољикистон Ватани Наврўз аст.
Ба муродаш њама дилдода расад,
Ба њама бахти худодода расад.
Њама дар анљумани Наврўз аст,
Тољикистон Ватани Наврўз аст.
Базми гул дар чамани Наврўз аст,
Њама дар перањани Наврўз аст.
Њар куљо анљумани Наврўз аст,
Тољикистон Ватани Наврўз аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий