суббота, 31 января 2015 г.

*Дасти дуои Модар*
Модар,модаро шири сафедам доди,Дунё бо умед хасту, умедам доди.То бар сари ман, чи ояд аз бешу ками, Ту дар сари гахвора навидам доди ...
Модарчон вақте, ки ман ба дунё омадам ту маро дида тамоми ғаму ғуссаи дунё аз сарат дур шуд ту маро дида, аз ду чашмомони сиёхат ашк мисли борон мерехт.Ман хамон ашкхоро медидам модарчон вале забон надоштам бароят бигўям, гиря макун модарчон охир ман саломат ба дунё омадам. Модарчони азизам вақте,ки ман дар гаҳвора бо як садои баланд гиря мекардам ту давон-давон ба сўям омада суруди алла мехонди.-Оҳ! хамон садоят модарчонам. Модарчонам вақте,ки ман рўи ҳавли бози мекардам,ту аз дур маро назорат мекардию мегуфти;Худовандо чихел фарзанди ман зебо аст.Модарчони азизам вақте,ки ман оҳиста-оҳиста калон шудам ту маро аз дастонам гирифта ба мактаб мебурди ва аз дари мактаб бо бўсаҳои ширинат ба синфхона мегуселонди модар.Вақте ки ман аз мактаб ба хона бармегаштам ба дарвозахона медаромадам ту маро дида оғўшҳоятро мекушоди модар ман ба даруни оғўшат медаромадам -Оҳ ҳамон бўйҳоят модарчони азизам,ту худад нахўрдию маро хўронди ту худад напўшидиву маро пўшонди ту маро аз ҳеч кас камам накарда ба воя расонди модар. Инқадар нозанин ҳасти,ин қадар меҳрубон ҳасти,дўстат медорам модарчонам Якшаба ранче,ки модар кашид Бо ду чахонаш натавон баркашид Модар чароғи хонадон модар,

Комментариев нет:

Отправить комментарий